Шеър, ғазал, рубоӣ
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугуи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
Абуалӣ ибни Сино
Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,
Маъшуқи ман аст он, ки ба наздики ту зишт аст.
Ҳурони биҳиштиро дӯзах бувад аъроф,
Аз дузахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст!
Саъдии Шерозӣ
Ё Рабб ба дарат руи ниёз овардам,
Не ҳаҷҷу закоту не намоз овардам.
Ҷоне, ки рамида буд аз даргаҳи ту,
Бигрифтаму бар дари ту боз овардам.
Номаълум
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Абуабдуллоҳи Рўдакӣ
Агар руде бихушкад боз руде ояд аз куҳсор,
Агар эҳсоси мо хушкад,
Агар ишқи дили мову шумо хушкад ҷои фарёд аст,
Ки бе у баҳри мо на нашъаи умру на эҷод аст.
Агар киште насабзад соли дигар боз месабзад.
Насабзад гар умеди мо,
Насабзад гар муҳаббат дар дили мо ҷои афсус аст,
Ки бе у дар ҷаҳони мо на фардову на имруз аст.
Агар куҳе шавад аз ярч яксони замин ғам нест.
Агар дарди муҳаббат кам шавад ҷои пушаймонист,
Ки бе у одами худро намеебад,
Ба чашми одамон одам наметобад.
Ба гардун ахтаре гар мурд гардун боз хохад буд.
Агар ишқи дили мо мурд, чои гиряву зорист,
Ки бе у дар нигоҳи ман фалак аз ахтарон холист,
Замину осмон аз ошиқону шоирон холист.
Ҷахон бечора ноли нест медонам, ки бояд зиндагони кард.
Дар ин дунёи пири бефано бояд ҷавони кард, ҷавони кард.
Лоиқ Шералӣ
Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,
Фидои як каломат, як саломат ман, ҳамин кофист.
Навиштам пахш кардам мӯҳр, мондам даст бе гуфтор,
Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист?!
Ту донӣ, феълу атвори ғуломон шӯру исён аст,
Шикастан, пора кардан кундаву занҷири зиндон аст,
Чу рӯди кӯҳ ҷӯшида, хурӯшида бурун рафтан,
Зи қаъри тангно, омоли озодипарастон аст.
Вале ман он ғуломам, ки на исён мекунам, на шӯр,
На бо ту мекунам ҷангу на аз ту мешавам ман дур.
Ҳамеша бо ту механдам,
Ҳамеша бо ту мегирям,
Агар хоҳӣ ту, ман ҳеҷу агар хоҳӣ ту, ман машҳур.
Вафо кун, гуфта будӣ, ман вафо кардам, ҳамин кофист?
Диламро дар вафо обу адо карда, ҳамин кофист?
Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ ҳар ранг аст,
Вале бо номи ту ман ибтидо кардам, ҳамин кофист?
Мирзо Турсунзода
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рузгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре хаст.
Умари Хайём
Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз
Ки рӯзе хушку ҳам мағшуш хоҳад шуд.
Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳад шуд.
Ало, раҳҷӯи манзилҳо,
Ба қадри раҳкушои аввалин бояд расид имрӯз,
Ки фардои шумо ҳам як замоне дӯш хоҳад шуд.
Шумо имрӯз агар аз толеъу бахту насиби хештан мастед,
Дар оғӯши биҳишти дилбарони гулбадан мастед,
Зи атри гесувону кокулони пуршикан мастед,
Замоне завқатон аз кори дунё пир хоҳад шуд,
Замоне навбати базми муҳаббат дер хоҳад шуд.
Ало, беақлу беғамҳо,
Ки фарқи сурату сират намедонед,
Ба қадри нозҳои ёр мебояд расид имрӯз,
Ба қадри лаҳзаи дидор мебояд расид имрӯз:
Ба қадри соқи симину ба қадри чеҳраи бечин,
Ба қадри ёри гулрухсор мебояд расид имрӯз,
Баҳори ҷилвааш пажмурдаву бенур хоҳад шуд.
Ба пои он ниҳоле, ки нишаста бо нигоре хуш
Даме аз ошиқӣ доред нақди рӯзгоре хуш,
Намедонед, рӯзе шохҳои он,
Шуморо чӯби боми гӯр хоҳад шуд!
Ба базме пеши чашмони шумо гар ёр мерақсад,
Ба худ чун мавҷ мепечад, зи сар то пой меларзад.
Агар қадраш намедонед,
Ҳамчун Зӯҳраи раққоса
Рӯзе то фалакҳо дур хоҳад шуд!
Ало, эй соҳибони вақт,
Вақти хеш дарёбед.
Шумо ҳоло ҷавону комрону шодмону зиндаед охир!
Чу рӯзе бар мазори сард мехобед,
Аҷал баҳри шумо фурсат нахоҳад дод,
Ки ҳар нодидаро бинед,
Гули ночидаро чинед,
Ва як дам дар ғами гумкардаҳои хештан гирйед,
Ва як дам он чиро нагрифта будед аз ҷаҳон, гиред.
Шумо эй соҳибони вақт,
Биштобед!
Биштобед!
Лоиқ Шералӣ
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст.
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.
Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор
Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме,
Яксар аз кӯи харобот барандат ба биҳишт.
Ҳофизи Шерозӣ
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушуда шуд, магар банди аҷал...
Абӯалӣ ибни Сино
Ту нагу ҳама ба ҷанг асту зи сулҳи ман чи ояд,
Ту яке наи ҳазори, ту чароғи худ барафруз.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ
Девонаву дилбастаи иқболи худат бош,
Саргарми худат ошиқи аҳволи худат бош.
Як лаҳза нахур ҳасрати онро ки надорӣ,
Розӣ ба ҳамин чанд қалам моли худат бош.
Дунболи касе бош, ки дунболи ту бошад,
Ингуна агар нест ба дунболи худат бош.
Парвоз қашанг аст, вале бе ғаму миннат.
Миннат макаш аз ғайру пару боли худат бош.
Сад сол агар зинда бимонӣ, гузаронӣ,
Пас шокири ҳар лаҳзаву ҳар соли худат бош!
Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ
Ҳам Масчиду, ҳам Қиблаву, ҳам Каъба баҳонаст,
Диққат бикуни нури Худо дар дили хонаст.
Дар Масчиду дар Каъба ба думболи чи ҳастӣ?
Аввал ту бибин, қалби касеро нашикастӣ?
Ин гуна чаро дар пайи исботи Худоем,
Ҳамсояи мо гушнаву мо сер бихобем.
Дар хилъати мо розу муаммои Худо чист?
Инсон худаш оинаи як Каъба магар нест?
Бархезу каме Каъбаи омоли худат бош!
Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош!
Тасвири Худо пушти хамин куҳнаниқоб аст,
Тазвири Худо возиҳу чашмони ту хоб аст,
Шояд ки буте дар васати зеҳни ману туст,
Бояд бути худ бо нами борони Худо шуст.
Гуйи ки Худо дар бадану дар танамон аст.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ